Ҷавонон бояд ҳушёр бошанд
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 14 март бо ташаббуси шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қаноатулло Сайфуллоев ва Икром Сатторов бо донишҷӯён ва устодон доир гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ноиби ректор оид ба таълим Илҳомуддин Иброҳимов изҳор дошт, ки вохӯрӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии донишҷӯёну кормандон мусоидат менамояд.
Полковники Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қаноатулло Сайфуллоев изҳор дошт, ки аз соли 2010 то инҷониб 3 ҳазору 178 нафар толибилме, ки дар хориҷи кишвар таҳсили динии ғайриқонунӣ дошт, баргардонида шуд. Аз ин 5 фоизашро занону духтарон ташкил медиҳад. Инчунин дар вохӯрӣ доир ба гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ сухан рафта, хатари онро ба ҷомеаи Тоҷикистон иброз намуданд. Бехатарии сарҳадӣ, ҷангҳои дохилӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ба доми фиребу ифротгароён наафтодани ҷавонону наврасон низ мавриди муқокима қарор гирифт. Таассуфовар аст, ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ шаҳрвандони раҳгумзадаи Тоҷикистон низ иштирок намуда, ҷони худро қурбони дасисаҳо ва фиреби гурӯҳҳои террористӣ гардониданд.
Дар вохӯрӣ ҷавононро ба ҳушёрии сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ даъват намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






