150 000-и «Хомаи созанда» ба беҳтарин маводи журналистӣ
Душанбе, 12.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имсол бо ташаббуси раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, тавзеҳи воқеъбинона, асоснокии дигаргунсозӣ ва мушкилоти дорои аҳамияти махсуси иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб озмуни беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони “Хомаи созанда” доир мегардад.
Дар ин бора муовини якуми раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов зимни вохӯрӣ бо журналистон, ки дирӯз, 11 март дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, иттилоъ дод.
Ҷумъабой Сангинов гуфт, дар озмуни “Хомаи созанда” журналистон метавонанд дар бораи тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тарбияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ғайра маводи таҳлилии худро, ки дар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1 октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гардидаанд, пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои озмуни имсолаи беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015, ки таҳти унвони “Хомаи созанда” доир мегардад, 150 000 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






