9 лоиҳа дар Ваҳдат дар ҳоли анҷомёбист
Душанбе, 12.03.2015.( АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Гурўҳи корӣ иборат аз кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ва Файзобод дидан намуда, бо муовини раиси шаҳри Ваҳдат Абдулвосеъ Ятимов вохӯрда масъалаи танзими раванди муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуданд. Роҳбари гурӯҳи корӣ Қурбоналӣ Маҳмадов оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, стратегия ва консепсияи муҳоҷират маълумот дод.
«Дар айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат 11 ҷамоати деҳот ва қариб 300 ҳазор нафар зиндагӣ дорад»,- гуфт мудири Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Ҳикматулло Аминов.
Ў зикр намуд, ки дар моҳи январ ва феврали соли равон аз ҳудуди шаҳри Ваҳдат 12 244 нафар шаҳрванд барои кор ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Аз онҳо 1031 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин 216 нафар сокини ин минтақа ба рӯйхати мамнуъшудагон ворид шудаанд, ки аз онҳо 19 нафараш зан аст.
Ба ғайр аз ин, дар бахш ба ҳар як хоҳишманде, ки мехоҳад соҳиби касбу ҳунар гардад, роҳхат ташкил шудааст ва ин нафарон ба Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Ваҳдат фиристода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта як гурӯҳи корӣ бо сарварии раиси шаҳр ба шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград сафар намуд. Дар натиҷа 11 лоиҳаи сохтмонӣ ба нақша гирифта шуд, ки дар айни замон 9-тои он дар ҳоли анҷомёбист.
Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиев бо фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид, ки дар он бобати муқаррароти қонунҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ донистани қонунгузории кишвари қабулкунанда дар бораи тартиби ба қайд гузоштан, омода будан барои гирифтани Сертификат (донистани забон, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР), соҳибкасб будан, дар муҳлати муқарраршуда гирифтани Патент, бастани шартномаи меҳнатӣ бо кордиҳанда, суғуртаи тиббӣ ва дигар масъалаҳои тартиби сафар ба Федератсияи Русия маълумоти муфассал дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






