Аҳолии Панҷ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад
Душанбе, 13.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 марти соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари Намояндагии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе Киёши Ишииро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва лоиҳаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳои судманд дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар соҳаҳои об ва беҳдошт, инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (9-11 июни соли 2015, Душанбе) табодули назар сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот Протоколи марбут ба татбиқи лоиҳаи “Бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон” ба имзо расонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






