Афзоиши истеҳсоли орд дар Кӯлоб
Кӯлоб, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Корхонаи истеҳсоли орди шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷониби фармоишгар Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҶТ соли 2013 баъди бо таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардидан дубора ба фаъолият оғоз кард, дар паст кардани нархи маҳсулот, аз ҷумла орд саҳми муносиб дорад. Ба гуфти директори корхонаи мазкур Ҷамшед Амиров маҳсулоти тавлид намудаи корхона навъи якум ва дуюм буда, он бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтатарини давлати Туркия коркард мешавад. Корхона дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 бештар маҳсулот омода намудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фурӯш гузошта мешаванд. Тамоми ашёи хом барои коркард аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҶТ дастрас мегардад ва дар он 60 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб гардидааст. Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб корхона бо хати озоди барқ таъмин буда, дар ду баст фаъолият дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






