Арҷгузорӣ ба манзалати Зан-модар
Душанбе, 10.03.2015.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии маърифатию фарҳангӣ доир гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева ректори донишкада Ашурбой Солиев бонувонро бо ин ҷашн шодбош гуфта, иброз дошт, ки зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно буда, бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Ин аст, ки модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ду соҳаи муҳими иҷтимоӣ – фарҳангу маориф ҳамеша сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.
Дар қисмати фарҳангии барнома, ки бо ташаббуси бахши фарҳанги шуъбаи тарбия омода шуда буд, донишҷӯён бо барномаи дилписанди консертӣ дар васфи модар, саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти донишҷӯён ба базми идона шукӯҳи дигар бахшиданд.
Инчунин озмуни беҳтарин газетаи деворӣ таҳти унвони «Модари миллат», ки байни донишҷӯёни факултаҳои донишкада баргузор гашт, ҷамъбаст ва ғолибон бо Диплом мукофотонида шуданд. Ҳамчунин барои нақши созанда ва ташаббускорӣ дар фаъолияти хизматӣ ва тарбиявӣ ба бархе аз устодону кормандони фаъоли донишкада дар вазъи тантанавӣ Ифтихорнома супорида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






