Арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ
Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳафтаи гузашта дар Агентии назорати маводи нашъаовар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои меъёри арзёбии фаъолияти ҷузъу томҳои зиддимухаддиротӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Намояндагии минтақавии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуъбаҳои назорати маводи нашъаовари назди Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Роҳбари агентӣ Рустам Назарзода самаранокии мавзӯи муҳокимашавандаро зикр намуда, пешниҳод намуд, ки ин гуна вохӯриҳо бо иштироки коршиносон давом дода шаванд, инчунин моҳи апрели соли ҷорӣ мизи мудаввари дуюм оид ба масъалаи мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҶТ ташкил шуда, дар якҷоягӣ бо шарикон меъёрҳои умумии арзёбии фаъолияти ҳамаи идораҳои зиддимухаддиротии минтақа таҳия шаванд.
Намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҷрибаи истифодаи меъёрҳои арзёбии фаъолияти АНМН-ро мусбат баҳо дода, иброз намуданд, ки таҷрибаи мазкур дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа истифода намешавад.
Таҳияи лоиҳа оид ба меъёрҳои арзёбии фаъолияти сохторҳои дигари зиддимухаддиротӣ имкон медиҳад, ки фаъолият дар масъалаи ташкили мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор дар минтақа воқеӣ ва холисона арзёбӣ шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






