Аёдати наврӯзӣ аз Хонаи кӯдакони Истаравшан
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар рӯзҳои Наврӯз тарбиятгирандагони муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони байниноҳиявӣ»-и шаҳри Истаравшан аёдат шуданд.
Табрики Наврӯзии раиси вилоятро мудири бахши Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд А. Иброҳимов ба бошандагони ин муассисаи иҷтимоӣ расонид.
Ҳамзамон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан кормандон ва кӯдакони муассисаро бо Иди Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуданд. Аз ҷониби меҳмонон ба кӯдакон туҳфаҳои идона супорида шуданд.
Барои тарбиятгирандагон аз ҷониби ҶСК «Сапеда» ва Маркази минтақавии ташхисӣ ва стандартизатсияи шаҳри Истаравшан дастурхони идона омода гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






