Бақайдгирии 502 нашъаманд дар Қурғонтеппа

Март 23, 2015 10:17

Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Ёвон, А. Ҷомӣ, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Данғара тамоюли афзоиши шумораи нашъамандон мушоҳида мешавад.
Ин нукта зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Қӯрғонтеппа баён гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон 1309 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки 17 нафараш зан аст. 
Ҳолатҳои ба нашъамандӣ гирифтор шудани шаҳрвандон нишон медиҳад, ки теъдоди зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, — гуфт Миралӣ Хайруллозода, сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон.  Аз ин ҳисоб 502 нафари нашъаманд ҳамагӣ аз 18 то 29 сол дорад. Аз ин рӯ, бояд тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон якҷоя баҳри аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, то раванди мубталошавӣ ба нашъамандиро пешгирӣ намоянд.

Март 23, 2015 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад