Ба имзо расидани як қатор қонунҳо
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояди Ин қонун бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии давлатии илм ва афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии ташкилотҳои илмӣ, олимон ва шаҳрвандон қабул гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи нав буда, тартиби ташкили арбитражи тиҷоратӣ, фаъолияти он, баррасии баҳсҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражии байналмилалиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» низ дар таҳрири нав қабул гардида, ба таҳкими адвокатура нигаронида шудааст. Ин қонун асосҳои ташкилию ҳуқуқии адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ, мақоми адвокат, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, шаклҳои ташкили фаъолияти адвокатӣ, мақоми идоракунии адвокатҳо, тартиби расонидани ёрии ҳуқуқиии касбӣ, аз ҷумла расонидани ёрии ҳуқуқии ройгонро ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорон, инчунин дигар масъалаҳоро вобаста ба адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ танзим менамояд.
Тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баъзе дигар қонунҳо бо мақсади рушди соҳаҳои дахлдори ҳаёти кишвар қабул карда шудаанд.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, рушди илму техника, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, тавсеаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи баррасии баҳсҳои дорои хусусияти иқтисодӣ дар суд ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа қабул карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






