Ба пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон!
Душанбе, 22.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон! Мо як гуруҳ тоҷиконе, ки дар Россия дар муҷоҷирати меҳнатӣ қарор дорем, аз сафари Шумо ба шаҳри Хуҷанд хабар ёфта, ба Шумо на танҳо ҳамчун Президенти Тоҷикистон, балки чун пешвои миллат муроҷиат мекунем. Сабабгори навиштани ин мактуб Муҳаммадҷони Хуҷандӣ шуд. Аслан, мусофирӣ як чизе будааст, ки новобаста ба маҳалу миллат одамонро муттаҳид месозад. Мо ҳам аз Хатлон, ҳам Суғд, ҳам Бадахшон , ҳам водии Ҳисору Рушт дар сохтмон кор мекунем. Тӯли солҳои зиёд чӣ мушкилоте, ки мо аз сар нагузаронидем. Вале, тоқат кардем. Аммо имрӯз вазъияти кор, пардохти маблағ бисёр мушкил шудааст. Чӣ ҷойи пӯшида, муҳочир будан аз диламон задааст. Мехоҳем ба Ватан баргардем. Муҳаммадҷон ба мо нақл кард, ки дуртар аз Хуҷанд як шаҳри наве бо тамоми шароиташ бунёд мешудааст. Дар он ҳам биноҳои серошёна ва ҳам ҳавлиҳо бунёд мешудаанд. Мо мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳастем, аллакай дар соҳаи сохтмон мутахассис шудаем. Мехохем на танҳо дар бунёди ин шаҳр нақш дошта бошем, балки дар он ҷо зиндагӣ кунем. Зимнан як фикре ба сарамон омад, ки шояд Шумо ҳам дар ҳамин андеша бошед. Шумо, ки пешвои миллати мо ҳастед, тоҷиконро аз парешонӣ наҷот додед, дар кишвар сулҳ овардед, моро бо асли худ, бо решаҳои худ пайвастед, мехоҳем ба ин шаҳр як номе гузошта шавад, ки ифодагари руҳу аслу наҷоти мо бошад. Ин ном Ориёншаҳр. Ин шаҳр дар сари роҳе бунёд мегардад, ки сӯйи кишварҳои дигари Осиёи Миёна меравад. Шояд хуб мешуд, ки дар ин шаҳр аз шаҳру ноҳияҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон, водиҳои Ҳисор, Зарафшон, Бадахшон зиндагӣ кунанд. Ҷаноби Олӣ! Мо ҳарчанд дур аз Ватан бошем ҳам, дар ёди Ватан ҳастем, сиёсати хирадмандонаи Шуморо дастгирӣ мекунем. Мо бо Шумо будем, ҳастем, мемонем. Иди Наврӯз ба Шумо ва миллати куҳанбунёди ориёӣ муборак бошад! Манбаъ: Pressa.tj








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






