Ба пешвози иди баҳору меҳнат
Панҷакент, 16.03.2015.. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Слкинони 14 ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент имрӯзҳо барои ободонию созандагӣ саъю талош доранд. Ҷамоатҳои деҳот дар мавриди амалӣ сохтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёдеро анҷом доданд.
Дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ аз ҷумла соли ҷорӣ зиёда аз 47 тӯйи домодию арӯсӣ, 11 тӯйи хатнасур бо харҷи кам гузаронида шуд. Тавре ки раиси ҷамоати мазкур Анзурат Аёзова иброз намуд: «Дар ҳудуди ҷамоат 7 деҳа, 700 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 10 мактаб ҷойгир аст, ки сокинонаш ба ҳашар баромада, масофаи 10 километр каналу ҷӯйборҳоро аз партовпораҳо тоза карда, ба миқдори 200 бех ниҳоли арча, 500 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинониданд».
Сокинони ҷамоати деҳот тасмим гирифтаанд, ки то Наврӯзи оламафрӯз ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаю сояафкан шинонида, маркази ҷамоат ва маҳаллаҳоро сабзазор карда, гулу гулбуттаҳо шинонанд. Алҳол корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози иди баҳору меҳнат- Наврӯз дар ҳудуди ҷамоат оғоз гардиданд. Сокинони ҷамоат ба шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шурӯъ кардаанд.
То рӯзҳои Наврӯз дар ҳудуди ҷамоат ба ҷои 10 ҳазор ниҳоли сояафкану мевадиҳанда 12 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






