Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред.
Мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намудем. Аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ба хатти машйе мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо ба роҳ монда шудааст ва ба рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон, таҳкими иқтидори он ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми кишвар равона гардидааст.
Мо мутмаин бар онем, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои мо гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон азми комил дорад, ки ҳамроҳи Шумо барои анҷом додани ин кори хайр тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.
Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, иҷозат фармоед ба Шумо саломатии бардавом, умри бобаракат ва саодатмандӣ орзу намуда, дар ин мақоми пурмасъулияти Шумо-Сарварии Ӯзбекистони бародарӣ дар оянда комёбӣ ва дастовардҳои нав таманно намоям».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






