Барқияи тасаллият ба Шоҳи Испания Филиппи VI
Душанбе, 25.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
“Аълоҳазрат,
Бо андӯҳи бузург хабари суқути фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар ҷануби Фаронсаро, ки боиси марги теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари Шумо ва дигар мусофирон гаштааст, дарёфт намудам.
Бо ибрози таъзия ва тасаллияти самимӣ ба Шумо ва мардуми дӯсти Испания, аз Аълоҳазрат хоҳишмандам, ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро қабул фармуда ба наздикони ҳалокшудагон бирасонанд”.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






