Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур
Душанбе, 23.03.2015. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур Ли Сянлун барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:“Ҷаноби Олӣ,Бо эҳсоси андӯҳ хабари даргузашти собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Сингапур, “падари миллат” – Ли Куан Юро, дарёфт намудам.Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, “офаринандаи мӯъҷизаи сингапурӣ” ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд. Маҳз бо шарофати фаъолияти ислоҳотгаронаи пурсамари ин абармарди олами сиёсат дар ин маснад, ҳангоми ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳурии Сингапурро аз кишвари ақибмонда ба як давлати тараққиёфта ва пешрафтаи минтақаи Осиё табдил дод.Дар ин лаҳзаҳои сангин, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафот ба мардуми дӯсти Сингапур изҳор медорам. Ба Шумо Ҷаноби Олӣ, наздикон ва пайвандони падари марҳуматон тасаллиёти амиқу самимии хешро баён менамоям”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






