Баргузории конфронси илмӣ дар Суғд
Хуҷанд, 13.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Хуҷанд 16 март баргузории конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти он дар назар аст.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъули хадамоти матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсупов иттилоъ дод, конфронс “Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот” унвон дошта, он 16 марти соли равон дар бинои Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намондагони мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони мақомоти қудратӣ, профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, Шӯрои уламо, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои М.Юсупов, мақсади конфронс зери назорати доимӣ қарор додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ аз гаравидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ки имрӯзҳо аз таъсири муҳоҷират рӯ ба афзоиш дорад, таҳлилу омӯзиши сабабу омилҳои ба он мусоидаткунанда ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар ин самт мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






