Баргузории Спартакиадаи донишҷӯён

Март 19, 2015 09:06

Душанбе, 19.03.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҷиҳати иҷрои бандҳои 1-19 қисми III “Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нақшаи маблағгузории тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дар асоси қарори Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ оид ба барномаҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, фармоиши нави раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба тавсиб расид, ки тибқи он Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 10 намуд варзиш дар се марҳила баргузор  мешавад. 
Тавре ки дар ин бора Наврўз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  хабар дод, марҳилаи якум ва дуюм дар сатҳи мактабҳои олӣ ва мактабҳои олии вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, марҳилаи сеюм ва ниҳоии Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 15 май аз рӯи намуди волейбол (мардон), 5-9 май дар шаҳри Чкалов, волейбол (бонувон), 12-16 май дар шаҳри Хоруғ, баскетбол (мардон), 5-9 май дар шаҳри Душанбе, баскетбол (бонувон), 12-16 май дар шаҳри Қурғонтеппа, гӯштини тарзи озод, 7-8 май дар шаҳри Душанбе, гӯштини миллӣ, 5-6 май дар ноҳияи Рашт, гӯштини дзюдо, 5-6 май дар шаҳри Душанбе, гӯштини самбо, 5-6 май дар шаҳри Кӯлоб, бокс, 19-23 май дар шаҳри Душанбе, варзиши сабук (мардон ва бонувон), 2-3 май дар шаҳри Душанбе, тенниси рӯи миз (мардон ва бонувон), 12-16 май дар шаҳри Хуҷанд, таэквондо (ВТФ), (мардон ва бонувон), 14-15 май дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Спартакиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар як муддат баргузор нагардида, пас аз танаффус дубора эҳё шудааст. 
Масъулини соҳа ҳадафи онро рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни донишҷӯёни макотиби олӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар арзёбӣ мекунанд. 
 
 

Март 19, 2015 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад