Бархурдории 2000 сокини Хуҷанд аз хони наврӯзӣ
Хуҷанд, 17.03.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар арафаи Иди Наврӯз наздик ба 2000 нафар сокини Хуҷандшаҳр аз кумаки идонаи мақомоти шаҳри Хуҷанд бархурдор хоҳад гашт.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, тибқи дастуру супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чун анъана соли равон низ дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи хуҷастапай шахсони камбизоату танҳо ва шахсони имконияташон маҳдуд аёдат шуда, ба онҳо кумаки моддӣ иборат аз маводи хӯрокӣ расонда мешавад.
Инчунин дар рӯзҳои наврӯзӣ аз ҷониби раиси шаҳр низ чанд нафар оилаҳои собиқадорони меҳнат ва ҳамчунин ниёзманд аёдат шуда, ба онҳо хони наврӯзӣ тақдим мешавад.
Ҳамзамон расонидани кумаки идона аз ҷониби ташкилотҳову соҳибкорон низ дар назар аст.
Бояд гуфт, ки дар идомаи ин иқдом, тиқби супориши шаҳрдори Хуҷанд чун солҳои қаблӣ соли равон низ барои 22 маҳаллаи шаҳр баҳри таҷлили иди Наврӯз ва тайёр намудани таоми наврӯзии суманак аз ҷониби мақомоти шаҳр орд ва равған ройгон дастрас мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






