Барномаи миллӣ бар зидди бемории сил
Кӯлоб, 23.03.2015.(АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).- 24 март Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил эълон шудааст. Бахшида ба ин сана чанде пеш дар толори конфронсии ҳукумати шаҳри Кўлоб оид ба саҳми ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар амалӣ гаштани барномаи миллӣ бар зидди бемории сил дар минтақаи Кўлоб мизи мудаввар баргузор гардид. Лоиҳа бо дастгирӣ ва ҳамоҳангсозии Барномаи сил ва ВИЧ, маблағгузории Агентии ИМА оид ба такмили барномаи USAID баҳри паст кардан ва гузариши касалиҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ доир мешавад. Чорабинии мазкур бо ташаббуси ҳамоҳангсози лоиҳаи USAID «Муошират оид ба ВНМО ва бемории сил» Рустам Бозоров ва ташкилоти ҷамъиятии «АНИС» ташкил шуд. Дар мизи мудаввар намояндагони ҳукумати шаҳр, Васоити ахбори омма, намояндагони марказҳои тандурустӣ, нуқтаҳои бақайдгирии касалиҳои сироятӣ ва аҳли ҷамоати шаҳри Кўлоб ширкат варзиданд.
Мақсади барнома баррасии вазъи эпидемиологии бемории сил дар шаҳр, ҳолатҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ва назорати табобати бемории сил дар байни аҳолӣ ва гурўҳҳои эҳтиёҷманд, ҳамзамон саҳми созмонҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар амалӣ гаштани «Барномаи миллӣ бар зидди бемории сил» дар минтақаи Кўлоб, вазъи муҳоҷират дар минтақа ва қадамҳои пешгирикунанда аз ҷониби Созмони муҳоҷират ва саҳми маҳаллаҳо дар амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур мебошад. Бояд зикр кард, ки ин ҳолат дар шаҳри Кўлоб нисбат ба ноҳияҳои дигари минтақа вазнинтар аст. Дар нуқтаи бақайдгирии шаҳри Кўлоб то ин муддат 559 нафар шаҳрванд бо касалиҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 175 нафараш дорои бемории сил ва 384 нафари дигар дорои касали сироятии ВИЧ мебошад. Ҳолати мазкур ба гуфти директори Маркази ВНМО дар минтақаи Кўлоб ташвишовар аст. Дар айни замон ҳамаи марказҳо баҳри паст намудани ин амал корҳои пешгирикунанда ва оммафаҳмониро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






