Баррасии фарҳанги оиладорӣ бо донишҷӯёни ДДТТ

Март 30, 2015 09:35

 
Душанбе, 30..03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти аъзои оила ва фарҳанги оиладорӣ, эҳтироми падару модар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ устодону донишҷӯёни донишгоҳ оид ба масъалаҳои мазкур фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳоди худро иброз намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 
 
 

Март 30, 2015 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд