Баррасии масъалаи шуғли ҷавонон дар ҶТ
Душанбе, 12.03.2015.(АМИТ «Ховар», ЛайлоТоирӣ).-Мизи мудаввар бо иштироки коршиносони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва Вазорати меҳнат ва Агентии шуғли Ҷумҳурии Озарбойҷон 11 март дар Душанбе баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар натиҷаҳои таҳлили сиёсӣ, институтҳо ва барномаҳо оид ба соҳаи шуғли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд. Мувофиқи барномаи ташрифи ҳайати Озарбойҷон ва ТБМ ба ҶТ бо мақсади арзишгузории муштараки коршиносон то 13 март боздиди як силсила ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ идома меёбад.
Зимни ин сафари намояндагони Ташкилоти байналмилалии меҳнат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Эмин Сангинзода бо коршиносони ТБМ аз шаҳри Маскав доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои шуғли ҷавонон дар кишвар ва ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт баррасӣ гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






