Баррасии масоили муҳими низомӣ дар мулоқоти Э. Раҳмон ва Н. Бордюжа
Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.
Николай Бордюжа баъди мулоқот андешахояшро дар назди хабарнигорон чунин баён дошт:
«Ман бо ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти пурмӯҳтавое доштам. Ман ба ҷаноби Президент, ки имсол роҳбари Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъист, аз рафти корҳои ин созмон, бахусус масоили марбут ба он масъалаҳое, ки фарогири ҳудуди кишварҳои созмон аст ва мо дар робита ба онҳо амалиётҳое анҷом додем, ҳисобот додам. Ман нақшаи амалишавии ташаббусҳои Тоҷикистонро, ки дар давраи раисияш ба ин созмон пешниҳод кардааст, ба ҷаноби Президент расонидам. Дар ин ҷо як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла чорабиниҳои низомӣ, аз қабили гузаронидани машқҳо, гузаронидани амалиётҳои мушаххас, вазъи кунунии Афғонистон ва мушкилоти ҷойдошта дар робита ба ин кишвар ва ғайра».
Ӯ афзуд, ки ҳамчунин мо масъалаи расонидани кумакҳои низомӣ ба сарҳадбонони тоҷик ҷиҳати ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва баланд бардоштани натиҷабахшӣ ва муҷаҳҳаз шудани сарҳадбононро низ мавриди баҳс қарор додем. Ин нақшаро ҷаноби Президент тасдиқ карданд. Ман ҳамчунин ба Президент аз рафти корҳое, ки имрӯз мо бо сарҳадбонон анҷом додем, баҳои додаи мо ба вазъи кунунии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва он ниёзҳое, ки айни замон ба сарҳадбонони тоҷик барои ба таври комил муҷаҳҳаз шуданашон лозим аст, маълумот додам. Илова бар ин, дар хусуси он чорабиниҳое, ки ба ҳамкориҳои иқтисодии мо рабт доранд, аз ҷумла он талаботҳое, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ ба корхонаҳои саноати низомии кишварҳои узв пешниҳод кардаанд, низ ибрози назар намудем.
«Муҳлати гузаронидани машқҳои низомии нерӯҳои дастаҷамъии СААД, гузаронидани амалиётҳои зидди қочоқи маводи мухаддир, зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, амнияти иттилоотӣ ва дигар доираи васеи масъалаҳо дар ин мулоқот баррасӣ шуданд, ки вобаста ба амалишавияшон аз ҷаноби Президент дастуруҳои мушаххас гирифтам. Аз ҷумла, он масъалаҳое, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон ба мо пешниҳод карданд, онҳоро қабул кардаем ва дар наздиктарин фурсат онҳоро амалӣ хоҳем кард», — гуфт дар хотима Н.Бордюжа.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






