Баррасии рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар СММ
Душанбе, 27.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 26 марти соли 2015 дар қароргоҳи СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҳелен Кларк баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла раванди татбиқи лоиҳаҳои БР СММ дар робита ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, ба вижа дар чаҳорчӯби “Барномаи мусоидати СММ ба рушд” барои солҳои 2016-2020 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазир Ҳелен Кларкро бо раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, шинос намуда, аз БР СММ ҷиҳати ҳамкории фарогир бо Ҳукумати Тоҷикистон дар тадорукоти чорабинии мазкур даъват ба амал овард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






