БАТИ маблағгузории савдоро дастгирӣ менамояд
Душанбе, 31.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф (БАТИ) дастгирии рушди савдои байналхалқиро дар Тоҷикистон ба воситаи ҷудо кардани маблағгузорӣ ва ташкил намудани барномаҳои таълимӣ идома дода истодааст.
30 март дар чорчӯбаи Барномаи дастгирии рушди савдо (БДРС) бонки номбурда барои ҶСП АксесБонк Тоҷикистон хати нави маблағгузории савдоро боз намуд. Худи ҳамон рӯз, БАТИ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бахшида ба қоидаҳои нави Палатаи байналхалқии савдо (ПБА) оид ба истифодаи меъёрҳои байналхалқии амалияи бонкӣ (МБАБ) дар Бонки миллии Тоҷикистон семинар баргузор намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хадамоти матбуоти БМТ хабар дод.
Дар семинар раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов аз ҷумла гуфт: “Мо хушнудем, ки бароямон имконияте фароҳам омад, то чорабинии имрӯзаро баргузор намоем ва ба ин васила бонкҳои тиҷоратӣ тавонистанд маълумоти муҳимро ба даст оваранду кормандони онҳо дар бахши тағйироти охири амалияи бонкӣ таълим бигиранд.”
Роҳбари намояндагии БАТИ дар ҷумҳурӣ Ричард Ҷонс зикр намуд, ки расонидани кумакҳои техникӣ ва гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ аз бахшҳои муҳими фаъолияти ҳайати БАТИ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Номбурда изҳор дошт, ки дар кори семинар қариб 40 мутахассис оид ба маблағгузории савдо ва бонкдорон аз 10 бонки кишвар иштирок варзид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






