Беш аз 800 ҳазор доллар ба истеъмолкунандагон баргардонида шуд
Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- 15 март Рӯзи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон таҷлил гардид.
Дар Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон моҳи июли соли 2002 созмони ҷамъиятии ғайридавлатӣ — Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон (ИИТ) таъсис ёфта буд.
«Тайи соли 2014 ҳомиёни корозмудаи ҳуқуқи созмони мо барои ба истеъмолкунандагони тоҷик баргардонидани 71 ҳазору 368 сомонӣ, яъне маблағе, ки барои молҳои бадсифат ва хидматрасонии ғайри қобили қабул пардохта буданд, ёрӣ расониданд. Соли 2014 — ум 371 нафар истеъмолкунандагон барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар асоси он перомуни халалдоршавии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон 72 даъвонома ва аз рӯи ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо 17 мутолиба пешниҳод гардид», — хабар дод ба АМИТ «Ховар» роҳбари созмони мазкур Баҳодур Ҳабибов.
«Созмони мо аз давраи таъсис ёфтанаш беш аз 800 ҳазор долларро, ки муштариён барои молҳои бадсифат ва хидматрасонӣ пардохта буданд, ба онҳо баргардонид. Ҳар моҳ аз 30 то 70 нафар шаҳрвандон барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба намояндагиҳои мо воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа муроҷиат мекунанд. Қобили зикр аст, ки хидматрасониҳои мо, яъне додани маслиҳат ва ҳифзи манофеи истеъмолкунандагон дар муассисаҳои судӣ ройгонист», — афзуд Баҳодур Ҳабибов.
Ба гуфтаи Баҳодур Ҳабибов, мақсад аз таъсис ёфтани Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони маҳсулот ва хидматрасонӣ дар Тоҷикистон аст. Иттифоқи истеъмолкунандагон ҳамчунин ҳуқуқҳои муштариёнро дар муассисаҳои гуногун, ҳамчунин дар судҳо ҳифз менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






