Боздиди ҳазорҳо нафар аз ғурфаи Тоҷикистон
Душанбе, 11.03.15. (АМИТ “Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)- Аз 4 то 8 марти соли равон дар Ҷумҳурии Олмон Намоишгоҳи калонтарини дунё “ITB – Берлин” баргузор гардид. Дар қатори садҳо давлат ғурфаи Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, раиси Созмони умумиҷаҳонии туристии дунё Толиб Рифоӣ ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов барои тамошои дӯстдорони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Зимни намоишгоҳ ҳазорҳо нафар сайёҳони хориҷӣ аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг, манзараҳои дилнишин ва минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ошно гардиданд.
Дар доираи ин сафар Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Олмон таҳсил мекунанд, мулоқот анҷом дод. Номбурда ҷавонони тоҷикро ҷиҳати аз худ кардани донишҳои муосир ва забономӯзӣ даъват намуд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд барои дар оянда хизмат намудан ба халқу миллат ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун мутахассиси ботаҷриба ва дорои ҷаҳонбинии васеъ ба кишвар баргарданд.
Ҳамзамон Аҳтам Абдуллозода дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар нишасти дӯстдорони Тоҷикистон ва намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ сухан гуфт. Изҳор шуд, ки баргузории чунин нишасту намоишгоҳҳо барои ҳамкориҳои нав ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд.
Намоишгоҳи туристии “ITB–Berlin” аз калонтарин намоишгоҳҳои дунё ба ҳисоб рафта, дар он бештар аз 10 ҳазор ширкати сайёҳӣ аз 200 давлати дунё ширкат меварзад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 8-ум аст, ки дар ин намоишгоҳ иштирок намуда, имконият ва захираҳои туристии худро муаррифӣ менамояд.
Дар ин бора мутахассиси пешбари Бахши иттилоотию таҳлилии
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Наврӯз Қурбонов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






