Боздошти ду шаҳрванд бо ҳашиш

Март 17, 2015 09:49

Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи селофанӣ бо маводи навъи ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.
Дар натиҷа ҳамиштирокчии ҷинояти мазкур — сокини 40-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян ва дастгир гардид. Тавре ки тафтишот муайян намуд, маводи нашъаовар аз ӯ харид шудааст. Дар айни замон тадбирҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзои боқимондаи гурӯҳ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо андешида шудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Март 17, 2015 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар