Боздошти ду шаҳрванд бо ҳашиш
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи селофанӣ бо маводи навъи ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.
Дар натиҷа ҳамиштирокчии ҷинояти мазкур — сокини 40-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян ва дастгир гардид. Тавре ки тафтишот муайян намуд, маводи нашъаовар аз ӯ харид шудааст. Дар айни замон тадбирҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзои боқимондаи гурӯҳ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо андешида шудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






