Бунёди 14 бинои истиқоматии 12 ошёна барои низомиён
Душанбе, 13.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони шаҳраки муосири истиқоматӣ барои низомиён оғоз ёфт.
Қитъаи таҳияшавандаи шаҳраки низомиён қад-қади роҳи Душанбе-Ҳисор ҷойгир шудааст. Замини ҷудошуда зиёда аз 8 гектарро ташкил дода, дар он 14 бинои истиқоматии 12 ошёна, боғчаи кӯдакон барои 400 нафар, мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1200 хонанда дар як баст ва бунгоҳи тиббӣ бунёд хоҳад шуд.
Дар ошёнаҳои якуми хонаҳои истиқоматӣ маркази савдо, қисми тиббӣ-беҳдоштӣ ва муассисаи хизматрасонии маишӣ ҷойгир шудаанд.
Президенти кишвар зимни суҳбат ба роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ супориш дод, ки барои сохтмони шаҳраки низомиён қитъаи замини иловагӣ ҷудо шавад. Сарвари Давлат ҳамчунин дастур дод, ки се бинои 12 ошёна барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва се бинои 12 ошёна барои кормандони КДАМ ҷудо шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






