Бунёди сохтмони корхонаи аккумулятор дар Суғд
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ директори навтаъйини Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин Эн Ҷи Сай ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат сохтмони комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифт. Комбинати металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дорои иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ дар як сол мебошад ва тавре ки таъкид гардид, корхона аввалҳои соли 2017 ба кор дароварда мешавад.
Алҳол корхонаи коркарди маъданҳои кӯҳии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор фаъолият дорад, ки он бо коркарди аввалияи маъдани руҳ ва сурб машғул аст. Ҳоло дар ин корхона беш аз 1100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидааст.
Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбари навтаъйини коргоҳ барои амалӣ гаштани нақшаҳо барору комёбӣ хост ва омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои судманд изҳор дошт.
Эн Ҷи Сай иттило дод, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин сохтмони корхонаи истеҳсолкунандаи қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти корхона ва мошинҳо ва сохтмони корхонаи аккумулятор оғоз мегардад, ки барои ин лоиҳаҳо маблағҳои сармоягузорони давлати Чин равона мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






