Чемпионати ҶТ оид ба гӯштини юнонию римӣ

Март 17, 2015 08:32

Душанбе,17.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дирӯз дар Мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин чемпионати ҶТ оид ба гӯштини юнонию римӣ оғоз гардид. Дар  мусобиқа зиёда аз 100 варзишгар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти зинаҳои ифтихорӣ талош доранд. Рақобатҳо аз рӯи 8 вазн ҷараён гирифта, дастпарварони клубҳои варзишии ҷумҳурӣ барои мағлуб намудани рақибон ва дастболо гаштан дар вазни худ аз субҳ ба қуваозмоӣ шурӯъ намуданд. Ба гуфти мураббиён гӯштини юнонию римӣ, ки шомили бозиҳои тобистонаи олимпӣ мебошад, дар Тоҷикистон рӯз то рӯз инкишоф меёбад ва он барои дарёфти ҷавонони лаёқатманд мусоидат  метавонад. Барои кашф ва тарбия намудани гӯштингирони дорои истеъдод ва маҳорати баланд мураббиёни намуди гӯштини  юнонию римии мактаби маҳорати олии варзишӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдор як силсила мусобиқаҳоро дар соли равон ташкил намуданд, ки он барои баланд бардоштани маҳорат ва таҷрибаи дастпарваронашон мусоидат мекунад. 

Март 17, 2015 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад