Чорабиниҳои пешгирикунанда бар зидди нашъамандӣ
Душанбе, 17.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода ва кормандони масъули Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 март бо устодон ва хонандагони Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе” дар доираи иҷрои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ диққати устодон ва хонандагон бештар ба зарар ва оқибатҳои манфии маводи нашъаовар ҷалб шуда, ҳамзамон филмҳои маърифатӣ барои иштирокчиён ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳамзамон дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳои пешгирикунандаи нашъамандӣ барои соли 2015, ки фарогири мавзӯъҳои гуногун, аз қабили гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотӣ ва маърифатии зиддинашъамандӣ дар агентиву хадамот ва муассисаҳои давлатии низоми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дастурҳои аёнӣ, намоиши филмҳои маърифатӣ ва роликҳо дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, доир намудани машғулиятҳои тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои таълимии низоми вазорат ва гузаронидани вохӯриҳои зиддинашъамандӣ дар байни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ тасмим гирифтааст. Дар назар аст, ки дар давоми соли 2015 чунин чорабиниҳои пешгирикунанда дар тамоми муассисаҳои таълимии вазорат гузаронида шаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






