Дар Хоруғ 4 номзад бо ҳам рақобат дорад
Душанбе, 01.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-То соати 11:00 45% интихобкунандагон дар Бадахшон дар интихоботи парлумонӣ ширкат варзида, ба номзади сазовор раъй доданд.
Давлатназар Алиназаров -раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Хоруғ № 41 зимни суҳбати телефонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки мардуми Бадахшон аз субҳи барвақт бо рӯҳияи баланд ва умед ба фардои дурахшон ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, ба номзади арзанда раъй медиҳанд.
Дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ №41 чор номзад -Акрамшо Фелалиев аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Раҳмон Ҷаҳонафрӯз аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Алӣ Шерзамонов аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Абдулҳасан Мирзоҳасанов аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо ҳам рақобат менамоянд.
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Хоруғ №41 55 ҳазору 395 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод 1500 нафар бори аввал дар интихобот ширкат варзида, раъй медиҳанд.
Давлатназар Алиназаров афзуд, ки ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар 120 участкаи интихоботии ҳавзаи интихоботии якмандатаи Хоруғ №41 210 нозири миллӣ, инчунин нозирони байналмилалӣ аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мушоҳида доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






