Дар Кӯлоб нашъаҷаллоби Афғонистон дастгир шуд
Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Чанде пеш кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон шаҳрванди 30 — солаи Афғонистонро дастгир карда, аз номбурда 40 килограмм тарёк ва 1 килограмм героинро мусодира намуданд.
Назар ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, маводи мухаддир аз манзиле пайдо гардид, ки шахси дастгиршуда онро дар шаҳри Кӯлоб иҷора гирифтааст.
Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки шаҳрванди Афғонистон маводи мухаддирро дар ҳудуди Тоҷикистон ба фурӯш бароварданӣ будааст. Номбурда маблағи аз фурӯши маводи мухаддир ба дастовардаро ба суратҳисоби электронии соҳиби аслии «бор» дар Афғонистон интиқол доданӣ будааст.
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар шахсияти шаҳрванди ба Тоҷикистон маводи мухаддир фиристодаи Афғонистонро муайян намуда, дар ҳоли ҳозир барои дастгир кардани вай якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Аз рӯи ин қазия мувофиқи моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии ҶТ «Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё моддаҳои фалаҷкунандаи асаб бо мақсади фурӯши ҳаҷми калони он» парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






