Дар участкаи №8 24 нафар бори аввал овоз медиҳад
Душанбе, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Барои иштирок дар маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз соати 6-и субҳ сокинон ба участкаҳи интихоботӣ омада, қарзи шаҳрвандии хешро иҷро карда, ба вакили арзанда овоз медиҳанд.
Дар участкаи интихоботии рақами 8, воқеъ дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4- пойтахт барои иштироки фаъоли сокинон ва дар сатҳи шаффофу демократӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар участкаи интихоботии мазкур 730 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафараш бори аввал иштирок карда, барои номзади арзандаи худ раъй медиҳад.
Раъйдиҳандагон хуб дарк кардаанд, ки овози онҳо дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ барои пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши созгор мебозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






