Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти Осиё иштирок намекунад
Душанбе, 31.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври интихобии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои ҷавонони синнашон то 23 дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозиро бо ҳисоби 0:3 бохт.
Баъди даври дуюми вохӯриҳо дастаҳои мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Яман ҳар кадом 6 холӣ ба даст оварда, дастаҳои Тоҷикистон ва Шри — Ланка ягон хол нагирифтаанд. Ба хамин тариқ, шогирдони Алишер Тӯхтаев аз ҳамаи имкониятҳои давом додани вохӯриҳо дар мусобиқоти минбаъдаи Осиё маҳрум шуданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври охирини сабқати интихобии мусобиқот 31 март бо дастаи Шри — Ланка вомехӯрад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






