Даъвати ПСС ҶТ дар бораи ҳамкорӣ
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 13 март муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Манзура Рустамова дар шаҳри Душанбе бо сафири Ветнам дар Тоҷикистон Фам Ван Фао мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни мулоқот ба роҳандозии муколамаи судманди соҳибкорон бо василаи ташкили марказҳои муштарак, доир намудани конфронсҳо ва намоишгоҳу ярмаркаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.
Манзура Рустамова иброз дошт, ки муроҷиатномаи раиси ПСС ҶТ Ш.Саид дар бораи ҳамкорӣ ба Палатаи савдо ва саноати Ветнам ирсол мегардад.
Фам Ван Фао дар навбати худ зикр намуд, ки барқарор намудани равобити устувори соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар барои рушду таҳкими муносибатҳои боварибахш аҳамияти бориз дорад. Пешниҳод шуд, ки аҳли тиҷорат ба густариши равобити дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ фаъолона ҷалб карда шаванд. Сафир ҳамчунин зикр намуд, ки Ветнам ҷонибдори рушду таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар бахши кирмакпарварӣ ва моҳидорӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






