Дидори Хусрав Нозирӣ бо Ҳишом ан-Нақиб
Душанбе, 16.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 15 марти 2015 дар Қоҳира дидори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозирӣ бо мудири Маркази мутолиоти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср доктор Ҳишом ан-Нақиб баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои густариши бештари ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии кишвари мо ва Маркази мутолиоти дипломатии Қоҳира баррасӣ гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки аз замони истиқлоли кишвари мо даҳҳо нафар дипломатони тоҷик дар давраҳои бозомӯзие, ки муассисаи мазкур созмон додааст, ширкат кардаанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






