Дидори раиси Маҷлиси миллӣ бо сенаторони Фаронса
Душанбе, 02.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар Душанбе мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Сенати Фаронса таҳти роҳбарии Президенти ҳайати Ассамблеяи миллии Фаронса дар Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Тиери Марианӣ баргузор гардид.
М. Убайдуллоев афзуд, ки сафари ҳайати мазкур ба Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми миёни гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Фаронса самараи нек хоҳад дод.
Таъкид гардид, ки сенаторон аз ваколатҳои ба зиммадоштаашон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Фаронса тадбирҳои судмандро анҷом хоҳанд дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






