Ду ҷанбаи ба ҳам муқобили озодандешӣ дар ислом

Март 27, 2015 11:21

Душанбе, 27.03.2015 (АМИТ «Ховар»).-Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ дар нимаи дуюми имрӯз, 27-уми март семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзўи «Ду ҷанбаи ба ҳам муқобили озодандешӣ дар ислом»- ро  дар  толори марказ баргузор  менамояд.  Иштироки коршиносону мутахассисони озод аст.
 Фишурдаи мавзўи «Ду ҷанбаи ба ҳам муқобили озодандешӣ дар ислом»
 озодандеширо аз рўи моҳияти худ бояд ҳамчун падидаи муфид ва мусбат дар ҷомеа пазируфт.
Озодандешӣ пеш аз ҳама озодии ақл дар масоили марбут ба дин аст.
Ақл дар ислом шомили мақому мартабаи баланд мебошад.  
Маҳз пазируфтани ақл ҳамчун раҳнамои зиндагӣ ва истифодаи васеи он дар масоили мухталифи динӣ ҷанбаи мусбат ва муфиди озодандешӣ маҳсуб мегардад, зеро дар самти мазкур раванди озодандешӣ нобасомониҳоро дар аҳкоми баъзе уқул ошкор хоҳад сохт, ки онҳо дар матн муфассалтар мавриди баррасӣ қарор хоҳанд  гирифт.
Ҳамзамон бо сўиистифода аз ақл  ворид шудан ба масоили ақидавии динӣ, ки мутаассифона баъзе пешвоёни дин аз  он «илм» сохтанд , ҳол он ки ин масоил хосияти эътиқодӣ доранд ва эҷоди нобасомониҳо дар ин самт  ҷанбаи манфӣ ва барои дин музирри озодандешӣ ба ҳисоб меравад. 
Агар мо ба мундариҷаи баъзе аҳодисе, ки аз тарафи баъзе  донишмандон зикр мегарданд, ворид  шавем ва онҳоро мавриди ҳукми ақлу талаботи илми воқеӣ,  ки шарти асосии ҳастии озодандешӣ ҳамчун асл мебошанд, қарор диҳем, мутаассифона, дин ба мифология мубаддал мегардад, ки ин раванд низ метавонад ҳамчун ҷанбаи манфии озодандешӣ ба ҳисоб гирифта шавад.
         Аллакай дар асрҳои миёна мутафаккирони мактаби муътазила ва калом дар масоили гуногуни ақидавии динӣ  барои худ баҳсҳои озодеро ҷоиз  медонистанд, агарчанде сурат гирифтани чунин  баҳсҳою ошноӣ ба мундариҷаи онҳо аз тарафи муллою  «донишманд»-и дини имрўза амали куфр ва ғайришаръӣ  арзёбӣ мегардад.
         Чун мо дар қарни 21, яъне 1200 сол баъдтар, ба қавли дигар дар замони салтанат ва пешрафтҳои боризи улуми дунявӣ ва технология, ки ҳамагӣ маҳсули ақланд, умр ба сар мебарем, бештар ҳуқуқ дорем, ки ба масоили ақидавии динӣ ворид  шавем ва ибрози ақида намоем.
Мутафаккирони қуруни вусто  бо баҳсҳо доир ба масоили ақидавии динӣ ворид шуда, ахиран бо мушкилоти диёнатӣ дучор мешуданд, яъне эшонро зарур мегардид, ки баъзе аҳкоми диниро нодида бигиранд ва ё онҳоро тибқи хостаҳои хеш эзоҳ бидиҳанд.
        Қобили зикр аст, ки мушкилоти муайяне дар масоили ақидавии донишмандони шинохтаи исломи муосир низ ба мушоҳида мерасад.
         Боиси таассуф аст, ки мушкилоти мазкурро мо метавонем, дар баъзе мавоизи воизони имрўзаи тоҷик низ мушоҳида намоем.
Аҳамияти озодандешӣ дар ислом,  пеш аз ҳама  дар дурусту воқеӣ  баҳо додан ба  баҳсҳои бепоя  ҳамчун раванди музирру хатарбор  ифода меёбад.  Мо онро  барои бақои  фарҳанги исломӣ  амали ногузир ва муфид меҳисобем.
         Озодандешӣ ҳамзамон имкон медиҳад, ки пеши роҳи ҳама гуна таассуби динию  афкору аъмоли хурофотӣ ва бегонапарастӣ  гирифта шавад.
Инчунин марказ иқдом намудааст, ки аз 1-уми апрели соли равон сайти Маркази исломшиносӣ таҳти  cis.gov.tj фаъол гардонида шавад, ки  минбаъд  коршиносон ва мутахассисони касбӣ метавонанд аз он истифода баранд.
 
 

Март 27, 2015 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад