Эҳсонкории ДМИТ дар Наврӯз
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҳамасола бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ба ятимону бепарасторон расонидани кумак ба ҳукми анъана даромадааст.
Вобаста ба ин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ як адад телевизори плазмавӣ, як адад принтер, инчунин маводи ғизоӣ ба маблағи қариб 7 ҳазор сомонӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ, макарон, шакар, картошка, пиёзу сабзӣ расониданд.
Аз раёсати донишкада Саймаҳмуд Қаландаров, муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ ва Хуршед Насриддинов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба хайрияи мазкурро ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа, ки ба лутфу навозиш эҳтиёҷ доранд, супориданд. Роҳбарияти мактаб-интернат барои дастгирӣ изҳори сипос намуданд.
Инчунин ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб аз тарафи донишкада дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 17 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






