Эълони баргузор шудани интихоботи парлумонӣ
Душанбе, 1.03.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То соати 15:00 аз шумораи умумии интихобкунандагони дар қаламрави ҷумҳурӣ қарор дошта, ки беш аз 4 миллиону 318 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ҳудуди 3 миллиону 210 ҳазор нафарашон дар интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ иштирок намуда, раъйи худро додаанд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои пешакии бадастомада 74,33 фоизи раъйдиҳандагон дар интихоботи парлумонӣ иштирок намудаанд ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон доир ба интихоботи парлумонӣ, агар беш аз 50 дарсади интихобкунандагон орои худро ба сандуқ рехта бошанд, онгоҳ интихобот баргузоршуда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки раъйдиҳӣ аз соати 6 субҳ оғоз шуда, то соати 20:00 идома мекунад. Натиҷаҳои пешакии интихобот тахминан соати 10- и 2 март мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






