«Гирдбод»-драмае аз ҳаёти Садриддин Айнӣ

Март 30, 2015 09:16

 
        Душанбе, 30.03.15. (АМИТ ”Ховар”, Манижа Баҳромзода)-Бахшида ба зодрӯзи  Қаҳрамони Тоҷикистон-устод Садриддин Айнӣ ва рӯзи байналмилалии театр дар  Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов драмаи «Гирдбод»-и Нур Табаров дар таҳияи Шавкат Халилов ба намоиш гузошта шуд. Драмаи мазкур аз ҳаёт ва муборизаи Садриддин Айнӣ баҳри пойдории забони тоҷикӣ ва мақому манзалат пайдо кардани халқи тоҷик нақл намуда, лаҳзаҳои  муҳим ва ҷоннисории ин қаҳрамони тоҷикро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ пешкаши тамошобинон гардонид. 
       «Ҳадафи гурӯҳи эҷодӣ, пеш аз ҳама кушодани симои Айнист, ки ӯ барои фарҳанг, маънавиёт, таърих, миллат ва забони тоҷикӣ  чӣ гуна хизмат кардааст»,-иброз дошт Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон 27 марти соли равон зимни ин намоиш. Номбурда гуфт, сабаби чунин номгузории  драма -ин  нишон  додани  мубориза ва талошҳои  Садриддин  Айнӣ  баҳри  забону миллат ва фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Қарор аст пас аз анҷоми драма бо ҷалби устодону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар нимаи аввали моҳи апрел конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Симои Устод Садриддин Айнӣ дар саҳнаи тоҷик»  доир  гардад. 
«Ба воситаи ин конфронс  мо мехоҳем аз байни донишҷӯён мутахассисонеро омода  кунем, ки дар риштаи журналистикаи соҳаи санъат, фарҳанг, театр, мақола ё гузориши худро пешниҳод карда тавонанд»,-афзуд Зиёбой Тошев-муовини директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов.  
        Донишҷӯёни ДДОТ аз тамошои драмаи «Гирдбод»-таассуроти зиёд бардошта, оид ба саҳми беназири устод Айнӣ ҷиҳати мавқеи устувор пайдо кардани забон ва миллати тоҷик маълумоти пурра гирифтанд. Аз ҷумла, Давлатмоҳ Абдуллоева-донишҷӯи курси 1-и ДДОТ иброз дошт, ки  Садриддин Айнӣ тавассути асари безаволи худ  «Намунаи адабиёти тоҷик» аз даврони Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ то замони Абдурауфи Фитрат осори гаронбаҳо ҷамъ намуда, исбот сохт, ки тоҷик ҳамчун як миллати дорои таърихи бою ғанӣ ҳанӯз аз асри Х вуҷуд доштааст. 
«Бигзор  чунин намоишҳои таърихӣ аз ҷониби театрҳо бештар пешниҳод гарданд, то насли ҷавон аз таърих ва гузаштаи худ бохабар гардад»,-мегӯяд  Давлатмоҳ  Абдуллоева.
        Ёдовар мешавем, ки драмаи  «Гирдбод» ба  75-умин солгарди устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст, ки  30-юми  март, инчунин  3-юм ва  4-уми  апрели соли равон дар  Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба намоиш гузошта мешавад.
 
 
 

Март 30, 2015 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд