Гумонбарии 3 шаҳрванд дар ҷинояти роҳзанӣ
Душанбе, 28. 03. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-25 март тахминан соати 02:00-дақиқаи шаб, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматии зани 48-сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гардида, ӯ ва духтари 17-солаашро лату кӯб намуда, аз дохили сандуқи оҳанинаш маблағи пулии 4 100 сомонӣ, 15 ҳазор рубли Федератсияи Русия, 200 доллари ИМА ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 15 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, аз ҷониби кормандони милитсия дирӯз се нафар сокини ҳамин ноҳия ҷавонони 27-сола, 24-сола ва 22-солае, ки охирин қаблан бо моддаи 199 , қ 1 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






