Густариши муносибот миёни Тоҷикистону Салтанати Уммон
Душанбе, 11.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Бароям мояи ифтихор аст, ки имрӯз ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Салтанати Уммон эътимодномаи худро ба Президенти Тоҷикистон супоридам. Пеш аз ҳама мехостам зикр намоям, ки муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Салтанати Уммон рӯ ба рушд доранд»,-гуфт ба хабарнигорон 10-уми марти соли ҷорӣ пас аз анҷоми супоридани эътимоднома сафири нави Салтанати Уммон дар Тоҷикистон Саид ибн Аҳмад ибн Холид Ал-Барованӣ.
Ӯ зикр дошт, ки ба ҳайси сафири Салтанати Уммон кӯшиш менамояд, ки иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкориҳоро самаранок ба манфиати ҳарду давлат истифода ва татбиқ намояд.
Сафири навтаъйин иброз намуд, ки муносиботи Салтанати Уммон бо Тоҷикистон тамоюли рушд дошта, минбаъд низ дар бахшҳои гуногун густариш хоҳанд ёфт.
«Мо барои густариш ва равнақи минбаъдаи муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои созанда байни ду кишвар умедвор ҳастем. Ба назари ман барои тақвият ва таъмини рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Салтанати Уммон имкониятҳои бузург ва иқтидори фарох мавҷуд аст. Дар оянда умед дорем, ки созишнома ва тавоқуфномаҳои байни ҳарду кишвар ба имзо хоҳанд расид»,-илова намуд сафири навтаъйин.
Дар ниҳоят барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Салтанати Уммону Точикистон муваффақият орзу намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






