Хайрандеш- ғолиби озмуни «Қандпаҳлў» дар Эрон
Душанбе, 26.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати адибони Тоҷикистон, ки номи «Ҳамешабаҳор»- ро дошт, дар арафаи Наврўзи оламафрўз дар озмуни телевизионии «Қандпаҳлў»-и шабакаи омўзиши телевизиони кишвари Эрон иштирок кард, ба Ватан баргашт.
Озмуни мазкур дар мавзўи шеъри танз миёни адибони се кишвар — Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ҳайати адибони Тоҷикистон се нафар- Хайрандеш, Шоираи Раҳимҷон, Абдулҳамид Нозимӣ ва адибаи навқалам Марҷонаи Рамазон шомил буданд.
Озмун дар ҳар гурӯҳи чаҳорнафара чаҳор маротиба баргузор гардид, ки ҳар маротиб 7-8 мавзўъро дар бар мегирифт. Ҳозирҷавобӣ, лутфи баланд, танзу зарофат меъёри асосии баҳодиҳии доварон маҳсуб меёфт, ки Хайрандеш ва Шоираи Раҳимҷон дар ҳар маҳфили навбатии озмун маҳорату қобилияти баланд нишон дода, аз рақибони худ кам намеомаданд. Муассис ва барандаи озмуни телевизионии «Қандпаҳлў» устод Ризо Рафеъ ба гурўҳи «Ҳамешабаҳор» баҳои баланд дод.
Дар марҳалаи ниҳоӣ байни Хайрандеш (аз Тоҷикистон), Ҷаводи Нурӣ (аз Ҳамадони Эрон) ва шоир Ҳамид Мубошир (аз Афғонистон) рақобати шавқовар баргузор гардид.
Доварон ба қароре омаданд, ки ин се адиб, ки аз се кишвари ҳамзабон баъди гузаштани чандин марҳила ба финал баромадаанд, ғолиби ин озмун эълон гарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






