Хатлон: 271 осебдида аз сагҳои дайду
Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Шумораи афроди осебдида аз ҳамлаи ҳайвонот дар вилояти Хатлон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Ба иттилои Раёсати тандурустии вилоят, танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 271 сокини шаҳру навоҳии вилоят аз ҳуҷуми сагҳои дайду осеб дидааст. «Бахусус дар рӯзҳои сарди зимистон дар ноҳияҳои баландкӯҳ, ҳатто дар ҳамвориҳо сагҳои дайду зиёд шуда, хатари ҳамлаи онон ба одамон меафзояд. Бинобар ин, назорати хадамоти байторӣ бояд пурзӯр шуда, мақомоти дахлдор барои безарарсозии сагҳои бесоҳиб талоши бештар ба харҷ диҳанд. Осебдидагон, дар навбати худ, бояд дар зудтарин фурсат ба табибон муроҷиат намоянд», — афзуд манбаъ дар Раёсати тандурустии вилоят.
Соли гузашта наздики 4 ҳазор нафар дар вилояти Хатлон бар асари ҳамлаи сагони дайду осеб дида, ба табибон муроҷиат кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






