«Хонавода ва мушкилоти оиладорӣ»- китоби тозанашр
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Ба муносибати эълон гардидани соли 2015 — «Соли оила» аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаридун Ҳодибоев таҳти унвони «Хонавода ва мушкилоти оиладорӣ» китоби нав нашр гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, китоби мазкур мафҳуму вазифаҳои оиларо шарҳ дода, роҳу усулҳои пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, бекоршавии ақди никоҳ, пешгирии зӯроварӣ ва роҳнамоӣ сохтани насли ҷавони кишварро дар бунёди оилаи солиму созанда бидуни азияти рӯҳию равонӣ ва ҷисмонӣ фаро гирифта, бо истифода аз маводи илмию оммавӣ, маърифатӣ ва таҷрибаҳои собиқадорону шахсони рӯзгордида таҳия шудааст.
Гуфта мешавад, ки истифодаи рисола барои оилаҳои ҷавон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, хатмкунандагони мактабҳои маълумоти миёнаи умумӣ ва хоҳишмандон аз манфиат холӣ нест.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






