Хуҷанд: ифтитоҳи 35 иншоот дар арафаи Наврӯз
Хуҷанд, 17.03.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз 35 иншоот ба истифода дода мешавад.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, аксарияти иншоотҳои ифтитоҳшаванда ҷашнӣ буда, аз шумораи умумии иншоотҳо 7 тояш коргоҳҳои хурду миёнаи саноатӣ ба ҳисоб рафта, боқимонда аҳамияти иҷтимоӣ доранд. Инҳо мавзеи “Лавҳаи фахрӣ” бо фаввораи замонавӣ, бинои нави бонки “Тоҷиксодиротбонк”, чойхонаи адибон, як мағозаи тухмиву гулҳо, ду бинои баландошёна ба ҳисоб мераванд.
Инчунин дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар маркази шаҳр бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олимақом пас аз тачдиду навсозӣ Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
Ҳамчунин баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр дар арафаи таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ҳудуди Хуҷандшаҳр тибқи супориши раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шаклу усули ороиш, шинондан ва гулкории майдонҳо аз солҳои гузашта куллан фарқ мекунанд.
Тубакҳои гул дар гулмонакҳои бо намудҳои гуногунсохташуда гузошта шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр зиёда аз 30 ҳазор дона гули лола шинонда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






