Хуҷанд: Кӯчаи нав ба номи Даврон Алиматов
Душанбе, 3.03.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Кӯчаи ба номи Гагарини шаҳри Хуҷанд ба номи ҳунарманди шинохта шодравон Даврон Алиматов гузошта шуд. Ба ин муносибат дирӯз чорабинӣ доир гардид, ки дар он пайвандон, ҳамкорон ва аҳли фарҳангу зиё ширкат намуданд.
Чорабиниро раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кушода, аз ҳаёту фаъолият ва хислатҳои неки шодравон ёдовар шуд.
Симоҳои офаридаи Даврон Алиматов дар намоишнома ва филмҳои бадеии «Исёни арӯсон», «Борбад», «Темурмалик», «Нурхон», «Субҳи Ганг», «Ҳеҷбудагон» аз тарафи тамошобинон гарму ҷӯшон пазируфта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, актёри театр ва кино, дорандаи ордени «Дӯстӣ» Даврон Алиматов соли 2014 аз олам чашм пӯшид.
Бо пешниҳоди сокинони ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд кӯчаи ба номи Гагарин ба номи Даврон Алиматов гузошта шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






